Хонаи Озодӣ ва ё Freedom House, як созмони ҳомии ҳуқуқ, мегӯяд, Тоҷикистон ба сабаби беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон имсол дар байни “бадтарини бадтаринҳо” қарор гирифт.
Ин созмон гуфт, ки бар асоси арзёбии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ, Тоҷикистон дар радифи кишварҳое ба мисли Куриёи Шимолӣ, Сурия, Судони Ҷанубӣ, Эритрея, Судон ва Либияву Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ҷой гирифтааст.
"Танҳо дар 50 кишвар беҳбудӣ мушоҳида шудааст"
Хонаи Озодӣ ва ё Freedom House дар гузориши тозаи худ дар бораи озодӣ дар 195 кишвар навиштааст, дар 68 кишвар ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои фардӣ таназзул ёфтанд ва танҳо дар 50 кишвар беҳбудӣ мушоҳида шудаасту бас.
Дар гузориши солонаи созмон, ки рӯзи 5-уми феврал нашр шуд, Тоҷикистону Туркманистону Узбекистон ва Русияву Эрон, Озарбойҷон, Черногория, Сербистон ва Маҷористонро танқид кардаанд. Дар гузориш гуфта шудааст, ин кишварҳо “дар таназзули 13-сола ва пайиҳами озодӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат кардаанд.”
"Мардум суботро аз озодӣ беҳтар мешуморанд"
Дар вокуниш ба ин гузориш Сайфулло Сафаров, муовини собиқи раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, хулосаҳои ин созмони ҳомии ҳуқуқро қабул надорад, зеро он ба воқеиятҳои Тоҷикистон мувофиқат намекунад. Ӯ афзуд: “Дар Тоҷикистон бархе аз мушкилот вуҷуд дорад, вале мо наметавонем, зуд ба як кишвари пешрафтаи демократӣ табдил ёбем.”
Дар кишвар, ба гуфтаи ӯ, “мардум суботу оромиро бартар аз озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи сиёсӣ мешуморанд.”
Айни замон Хонаи Озодӣ гуфтааст, “чолишҳо барои демократия” дар Амрико метавонад, “барои ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои фардӣ” дар саросари ҷаҳон хатар эҷод кунад.
"Озодӣ"-ро кӣ месӯзонад?
Дар муқоваи гузориш карикатурае ҳаст, ки дар он Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гулханеро афрӯхтаанд, ки калимаи “озодӣ”- ро месӯзонад.
Дар тарафи дигар Муҳаммад Бин Салмон, валиаҳди шоҳи Арабистони Саудӣ, ба гулхан бензин мерезад ва раҳбарони Эрону Чин ва Венесуэла ва Маҷористон гулханро бод медиҳанд, то баландтар бисӯзад. Дар як гӯша Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар ин гулхан ширинӣ сурх мекунад.
Ба гуфтаи муаллифони гузориш, демократия дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ “собит мондааст”, вале дар зарфи 8 соли гузашта “ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.” Ба қавли онҳо, “ҳамлаҳои мудавоми Доналд Трамп ба волоияти қонун, хабарнигории воқеъбинона ва дигар усулҳову меъёрҳои демократия” мумкин аст, сабаби таназзули бештари озодиҳо шавад.
Хонаи Озодӣ, ки умдатан аз тарафи ҳукумати Амрико сармоягузорӣ мешавад, гуфтааст, “кишварҳои дигар ончиро ки дар Амрико мегузарад, мебинанд ва аз раҳбарони он ибрат мегиранд.”
Ба гуфтаи Майкл Абрамович, раиси созмон, “таназзули демократия дар Амрико бо Трамп шуруъ нашудааст, балки баёнияҳо ва амалҳои раиси ҷумҳур, усулҳои асосӣ, ба мисли волоияти қонун ва эътимод ба интихоботи озоду шаффофро ба таҳдид рӯ ба рӯ мекунанд.”
Дар гузориш омадааст, ки Русияву Эрон дар миёни кишварҳои афзояндае ҳастанд, ки хориҷ аз марзҳои худ, дигарандешонро ҳадаф мегиранд.
Вазъи Узбекистон, ки дар байни “бадтарини бадтаринҳо” ҷой гирифтааст, ба гуфтаи Хонаи Озодӣ дар аҳди Шавкат Мирзиёев андаке беҳбуд ёфт. Созмон раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва осонтар кардани фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматиро ёдовар шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои табъизи аққалиятҳои уйғур ва қазоқ зери танқид гирифтаанд.
https://www.ozodi.org/a/29752526.html